ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН БА МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «Кӯлоб»

Санаи 17 апрели соли 2026 гурӯҳи сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ташриф оварда, аз зеристгоҳи барқӣ ва аз рафти фаъолияти иншоотхои ҳудуди минтақа боздид ба амал оварданд.

Ҳайати сармоягузоронро Муовини аввали Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфзода Фаррух ва Раиси шаҳри Кӯлоб Пирзода Диловар ҳамроҳӣ намуданд.

Дар доираи сафари мазкур мехмонон аз чониби Муовини Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” Асозода Толибҷон Раҷаб оид ба имкониятҳои иқтисодию истеҳсолӣ, имтиёзҳо ва шароити мусоиди сармоягузорӣ дар минтақа ба меҳмонон маълумотҳои муфассал пешниҳод карда шуд.

Ҳамзамон, масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва ҷалби сармояи хориҷӣ мавриди баррасии тарафайн қарор гирифт.

Вохуриҳо дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.