ИШТИРОКИ РОҲБАРИ МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ “КӮЛОБ” ДАР КОНГРЕССИ СОЛОНАИ САРМОЯГУЗОРӢ (AIM CONGRESS 2025) ДАР ШАҲРИ АБУ-ЗАБИИ АМА

Санаи 7-9 уми апрели соли 2025 дар шаҳри Абу-Забии Амороти Муттаҳидаи Араб Конгресси 14-уми солонаи сармоягузорӣ (AIM – 2025) баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Султон Раҳимзода, намояндагони вазорату идораи дахлдор, минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҷумла, Роҳбари Маъмурияти МОИ “Кӯлоб” Абдуллозода Мустафо Рустам иштирок намуданд.

Дар доираи Конгресси байналмилалии AIM (Annual Investment Meeting), ки бо ҳузури васеи намояндагони ҳукуматҳо, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва доираҳои сармоягузорӣ баргузор гардид, ки дар доираи он зимни вохӯриҳо бо иштирокчиён аз ҷониби Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” имкониятҳои сармоягузории МОИ “Кӯлоб” муаррифӣ гардида, вобаста ба масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар, ба роҳ мондани коркарди ашёи хоми маҳаллӣ тавассути бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, истифодаи васеи имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ба сармоягузорони хориҷӣ маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Чорабинии мазкур дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.