Соҳибкорони инфиродӣ ва ташкилотҳо, инчунин намояндагиҳои онҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқияшон, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, метавонанд субъекти МОИ «Кӯлоб» гарданд, агар:
• Шахси ҳуқуқӣ дар нозироти андози шаҳри Кӯлоб ба қайд гирифта шавад;
• Ба Маъмурияти МОИ «Кӯлоб» ариза пешниҳод намоянд; (Намунаи Ариза)
• Бизнес-нақшаи худро пешниҳод кунанд;
• Шаҳодатномаи субъекти МОИ «Кӯлоб»-ро дастрас намоянд (Дархост барои гирифтани Шаҳодатномаи субъекти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»)
• Бо Маъмурияти МОИ «Кӯлоб» шартнома ба имзо расонанд.
Арзиши шаҳодатнома барои ҳар гуна намуди фаъолият новобаста ба ҳаҷми истеҳсолот ва муомилоти мол, 5 ҳазор доллари ИМА мебошад.
Шаҳодатномаҳои қайди субъекти МОИ “Кӯлоб” ба муҳлатҳои зерин дода мешаванд:
шаҳодатнома барои фаъолияти истеҳсолӣ – ба муҳлати то 50 сол
шаҳодатнома барои фаъолияти содиротию воридотӣ – ба муҳлати то 25 сол
шаҳодатнома барои фаъолияти хизматрасонӣ – ба муҳлати то 25 сол
Бизнес-нақшаҳо ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ бояд дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин таҳия гардида, ба ин талаботҳо ҷавобгӯ бошад:
ҳаҷми сармоягузорӣ барои фаъолияти истеҳсолӣ бояд зиёда аз 300 ҳазор доллари ИМА бошад;
ҳаҷми сармоягузорӣ барои фаъолияти воридотӣ-содиротӣ на кам аз 50 ҳазор доллари ИМА;
ҳаҷми сармоягузорӣ барои фаъолияти хизматрасонӣ на кам аз 10 ҳазор доллари ИМА;
мӯҳлати барориши таҷҳизоти истеҳсолӣ на бояд аз 3 сол зиёд бошад;
оғози фаъолият на дертар аз 3 сол баъд аз гузаштани қайди давлатӣ.

