ТАШРИФИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ БА МОИ “КӮЛОБ” ВА ИФТИТОҲИ ЯК ҚАТОР ИНШООТҲОИ ИСТЕҲСОЛИЮ ИНФРАСОХТОРӢ ВА МАЪМУРӢ

Санаи 5-уми октябри соли 2026 бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” нахуст корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилии ҶДММ “Тоҷик Алмос” (бо иқтидори 700 ҳазор донна дар як сол) ва бинои Маъмурии Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” мавриди истифода қарор дода шуд.

Инчунин зимни боздид аз корхонаи мазкур марҳилаи дуюми корхонаи бунёди коргоҳи истеҳсоли резинаҳо барои автомобилҳо муаррифӣ гардид.
Зимни ифтитоҳи бинои Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” роҳбари давлат аз Маркази хизматрасонии “Равзанаи ягона”-и МОИ “Кӯлоб” боздид намуда, бо намунаи молу маҳсулоти истеҳсоли МОИ “Кӯлоб” аз наздик шинос гардиданд. Зимнан иттилоъ дода шуд, ки сохторҳои марбута бо утоқҳои корӣ дар гузаргоҳи гумрукии МОИ “Кӯлоб” таъмин карда мешаванд.

Сипас ба таври фосилавӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор корхонаҳои истеҳсолӣ ва иншоотҳои инфрасохторӣ, аз ҷумла ҶДММ “Кӯлоб Агросаноат” корхонаи истеҳсоли набот (бо иқтидори 900 тонна дар як сол ва сардхонаи муосир барои нигоҳдории маҳсулотҳои кишоварзӣ барои 3 ҳазор тонна дар як сол), корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш, истеҳсоли маводҳои тиббӣ ва воситаҳои парафарматсевтии ҶДММ “Фарм Кӯлоб” (бо иқтидори 50 ҳазор дона дар як сол), корхонаи истеҳсоли маводҳои доруворӣ ва ороишии ҶДММ “Растанӣ Инно” (иқтидори солонаи истеҳсолии он коркарди 100 тонна гиёҳҳои шифобахш) мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Ҳамзамон, ба таври фосилавӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” зеристгоҳи нави барқии 110/35/10 кв (киловолта) (бо иқтидори 50 МВТ, бо маблағи 6.8 млн евро) мавриди истифода қарор дода шуд.

Инчунин, ба таври фосилавӣ лоиҳаи бунёди корхонаи истеҳсоли маҳсулоти пластмасса (бо иқтидори 160 ҳазор адад) “ҶДММ Кӯлоб Пласт” дар минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” дар назди роҳбари давлат муаррифӣ карда шуд.

Дар баробари ин, дар минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди маҷмааи нассоҷӣ шинос шуда, барои бунёди он санги асос гузоштанд. Ба сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки маҷмаа аз ҷониби ҶДММ “Текстил Тоҷикистон” ва ҶДММ “Пахтаи Тоҷикистон” бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд карда мешавад. Иқтидори коргоҳи ресандагӣ 10 ҳазор тонна ришта ва то 3 ҳазор тонна матои трикотажӣ дар як сол мебошад. Дар маҷмуъ дар ин коргоҳҳо 640 сокини маҳаллӣ ба кор таъмин мешаванд. Ҳаҷми умумии сармоягузории корхонаи мазкур наздики 100 млн доларро ташкил медиҳад.

Боиси зикр аст, ки ҳар як иншоотҳои ифтитоҳгардида ва муаррифишуда дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” аҳамияти муҳими стратегӣ дошта, дар амалӣ гардонидани ҳадафи чоруми стратегии мамлакат, саноатикунонии босуръати мамлакат, истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ватанӣ, таъмини ҷойҳои нави корӣ барои аҳолӣ нақши муассир доранд.