Рӯзҳои 3-4 апрели соли 2026 Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва банди 5 нусха аз Протоколи маҷлиси Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2026, №2 ҷиҳати сохта ба истифода додани корхонаҳои нави саноатӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин шиносоӣ аз рафти корҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба 35 – солагии Истиқлолияти давалатӣ ба минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара» ва «Кӯлоб» сафари корӣ анҷом дод.
Дар доираи сафар Абдураҳмонзода А. С. аз шароити фароҳамгардида дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ барои фаъолияти сармоягузорони ватанию хориҷӣ, рафти корҳои сохтмонӣ дар корхонаҳои нави ба қайд гирифташуда ва аз раванди истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири корхонаҳои амалкунанда дидан намуданд.
Таъкид гардид, ки минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар яке аз воситаҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ буда, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ворид намудани технологияҳои муосир ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватании рақобатпазир мусоидат менамоянд.
Дар идомаи сафар мулоқоти вазири рушди иқтисод ва садо бо роҳбарият ва соҳибкорону сармоягузорони минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара» ва «Кӯлоб» баргузор гардида, дархосту пешниҳодҳои онҳо баррасӣ шуда, ҷиҳати дар муҳлатҳои муайяншуда сохта ба истифода додани коргоҳу корхонаҳои нави ба нақша гирифташуда, инчунин истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ба масъулин супоришҳои дахлдор дода шуд.





