Баррасии масъалаҳои таҳияи лоиҳаи “Асосноккунии техникӣ – иқтисодии бунёди Маркази логистикӣ дар МОИ “Кӯлоб” ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами Ҷумҳурии Корея дар самти рушди инфрасохтори логистикӣ

Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди инфрасохтори минтақа санаи 13-17-уми апрели соли 2026 ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ, муассисаи давлатии “Мудирияти корхонаҳои сохташудаистода”-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” дар раванди муаррифии ҳисоботи натиҷаҳои таҳияи лоиҳаи “Асосноккунии техникӣ – иқтисодии бунёди Маркази логистикӣ дар МОИ “Кӯлоб”” ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами Ҷумҳурии Корея дар самти рушди инфрасохтори логистикӣ ба Ҷумҳурии Корея сафари корӣ анҷом доданд.

Зимни вохурӣ бо намояндагони Бонки содиротӣ ва воридотии Корея (EXIM Bank) ва Корпоратсияи байналмилалии машваратии PwC (PricewaterhouseCoopers)-и Ҷумҳурии Корея масъалаҳои тақвият бахшидани корҳо дар самти татбиқи лоиҳаи “Асосноккунии техникӣ – иқтисодии бунёди Маркази логистикӣ дар МОИ “Кӯлоб”” ва дар марҳилаҳои минбаъда пурра анҷом додани корҳо дар самти таҳияи “Асосноккунии техникӣ – иқтисодии кашидани хатти роҳи оҳан то МОИ “Кӯлоб” мавриди таҳлил ва баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд.

Қайд карда шуд, ки таъсиси Маркази логистикӣ ва сохтмони роҳи оҳани ба Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” пайвастшаванда як унсури бо ҳам зич алоқаманд буда, давоми мантиқии таъсис ва фаъолияти Маркази логистикӣ ва дар маҷмуъ рушди инфрасохтори Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” арзёбӣ мегардад.

Инчунин, дар доираи сафари корӣ шароит фароҳам оварда шуд, ки ҳайати намояндагони расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарону намояндагони як қатор ширкатҳои байналмилалии логистикии Ҷумҳурии Корея аз ҷумла, ширкатҳои байналмилаии логистикии “LOTTE Global Logistic Co.,LTD”, “DONGBANG Transport Logistics Co., Ltd”, “Korea Ocean Business Corporation”, “Coupang Goyang Logistics Center”, “Logistic Center Pyengtaek”, “KORAIL Logistics”, “ Gunpo IFT, Korea Integrated Freight Terminal”, истгоҳҳои роҳи оҳан ва терминалҳои боркашонӣ мулоқотҳои судманд анҷом дода, бо раванди кор ва фаъолияти онҳо аз наздик шинос шуда, барои саҳмгузорӣ дар самти бунёди Маркази логистикӣ ва кашидани хати роҳи оҳан то Минтақаи озоди иқтисоди “Кӯлоб” даъват ба амал оварда шуд.

Дар маҷмуъ сафари мазкур дар фазои дустӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.