ИМТИЁЗҲОИ ГУМРУКӢ

Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» қисми ҳудуди сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Молу маҳсулоти дар ҳудуди МОИ «Кӯлоб» ҷойгирифта, ҳамчун молу ашёи берун аз ҳудуди сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирифта барои ҷорӣ намудани боҷҳои гумрукӣ, андоз ва мамнуъият ва маҳдудиятҳои характери иқтисодӣ дошта, ки бо санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ҳисобида мешавад.

Воридоти молу маҳсулоти ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла таҷҳизоти истеҳсолию сохтмонӣ бе пардохти боҷи гумрукӣ ва андозҳо амалӣ карда мешавад.

 

ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ

0%Боҷи гумрукӣ ААИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

0%Боҷи гумрукӣ ААИ

Ҳангоми содироти молу маҳсулот аз ҳудуди МОИ ба хориҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон боҷҳои гумрукӣ, ба истиснои пардохтҳои барасмиятдарории гумрукӣ ситонида намешаванд ва ягон гуна манъкунӣ ва маҳдудкунии хусусияти иқтисодидошта ҷорӣ карда намешавад.

ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ

0%Боҷи гумрукӣ ААИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

0%Боҷи гумрукӣ 14% ААИ

Муайякунии кишвари дар он истеҳсолшудаи молу маҳсулот, ки дар МОИ «Кӯлоб»  истеҳсол шудаанд ва ё ба он ворид карда шудаанд, дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии байналмилалии дар Тоҷикистон эътирофёфта ба амал бароварда мешавад.