ИШТИРОКИ МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ “КӮЛОБ” ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “ХАТЛОН ИНВЕСТ-2026”

22 октябр дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор гардид. Дар ҳамоиш тақрибан 1000 нафар намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, сармоягузорон ва меҳмонон аз 30 давлати ҷаҳон иштирок намуданд. Ҳадафи асосии форум муаррифии имкониятҳои иқтисодию сармоягузории вилояти Хатлон, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣ буд.

Дар чорабинӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ, шарикони рушд ва ширкатҳои сармоягузории ватаниву хориҷӣ иштирок карданд. Дар оғози форум меҳмонон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон боздид намуда, бо иқтидори истеҳсолӣ ва имкониятҳои иқтисодии минтақа шинос шуданд.

Дар натиҷаи форум 31 созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи умумии беш аз 1,2 миллиард сомонӣ ба имзо расонида шуд. Созишномаҳои мазкур ба рушди соҳибкорӣ, татбиқи ташаббусҳои нави иқтисодӣ ва густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ нигаронида шуданд.
Ҳамзамон дар доираи чорабинии мазкур як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ байни Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” ва сармоягузорон ба имзо расонида шуд.

Баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» барои муаррифии иқтидори иқтисодию истеҳсолии вилояти Хатлон, ҷалби сармояи нав, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ бо кишварҳои хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам овард.