ҲУҚУҚИ  СУБЪЕКТҲОИ  МОИ «КЎЛОБ»

Субъектҳои МОИ, сарфи назар аз шакли моликияташон (ба ғайр аз ташкилотҳои буҷетӣ) ҳуқуқ доранд:

-бо иштироки сармоягузорони ватанию хориҷӣ ташкилотҳои муштарак таъсис диҳанд;

-дар асоси  шартномаҳо ва тибқи талаботи қонунгузорӣ  фаъолияти хоҷагидориро амалӣ намоянд, озодона  шарикон  ва  мазмуни  шартномаро интихоб намоянд, уҳдадориҳо, инчунин ҳама гуна шартҳои дигари муносибатҳои байниҳамдигарии  хоҷагидориро  муайян намоянд;

-мустақилона фаъолияти иқтисодии хориҷиро амалӣ намоянд, амалиёти мубодилаи молҳо (бартер) ва миёнаравӣ, инчунин аз нав сармоягузориҳоро дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ  анҷом диҳанд, ба шарте, ки хусусияти ин амалиёт хилофи қонунгузорӣ ва амнияти иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон набошанд;

-аз бонкҳо, ширкатҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ бе маҳдудият қарз гиранд, барои бастани ҳама гуна шартномаҳои суғуртавӣ ширкатҳои суғуртавии хориҷиро ҷалб намоянд;

-дар минтақаи озоди иқтисодӣ ҳама гуна сармоягузориҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манънашударо татбиқ намоянд;

-истифодаи қитъаи заминро  дар асоси шартнома дар бораи иҷораи муҳлатнок, иҷораи такрории  молу  мулк, ҳуқуқҳои молумулкӣ ва ҳуқуқи гузашти истифодабариро ба ворисони ҳуқуқӣ аз рӯи мувофиқаи дуҷонибаи тарафҳо, ки  шартномаи  иҷораро имзо кардаанд, инчунин ҳуқуқҳои дигари молумулкӣ ва ғайримолумулкиро амалӣ намоянд;

-шаҳрвандони хориҷӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар асоси шартнома ва тибқи талаботи қонунгузорӣ ба кор қабул намоянд;

-ҳама гуна фаъолияти дигареро, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ нагардидааст, анҷом диҳанд.

Субъектҳои МОИ ҳуқуқ доранд, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ берун аз ҳудуди МОИ «Кўлоб» дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул шаванд.

КАФОЛАТИ  ҲУҚУҚ ВА ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ СУБЪЕКТҲОИ МОИ «КЎЛОБ»

Давлат риояи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии субъектҳои МОИ-ро, ки дар ҳудуди МОИ «Кўлоб» фаъолият доранд, кафолат медиҳад.

Дар МОИ «Кўлоб» мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ кафолат дода мешавад:

-ҳимояи ҳуқуқии сармоягузориҳо;

-ҳимояи ҳуқуқҳои муаллифии  субъектҳои МОИ;

-низоми баробари ҳуқуқии сармоягузориҳои хориҷию дохилӣ;

-роҳ надодан ба ҳеҷ гуна табъизи ташкилотҳои дорои сармоягузориҳои хориҷӣ.

Субъектҳои МОИ – сармоягузорони хориҷӣ, ки ба соҳаи хоҷагидорӣ ва ё фаъолияти дигари МОИ «Кўлоб» маблағгузорӣ ва ё саҳмгузории моддӣ кардаанд, ҳуқуқ доранд аз натиҷаҳои сармоягузориҳои худ, аз ҷумла азнавсармоягузорӣ ва муомилоти тиҷоратӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд.   

Субъектҳои МОИ – сармоягузорони хориҷӣ метавонанд фоида ё қисми онро дар намуди маҳсулоти истеҳсоли худӣ ва ё маҳсулоти аз бозор харидашуда бароранд.

Ба субъектҳои МОИ – сармоягузорони хориҷие, ки дар минтақа  фаъолият мекунанд, пас аз пардохти маблағҳои ҳатмӣ, барои интиқоли маблағҳо бо асъори хориҷӣ, ки ҳамчун фоида ба даст овардаанд, инчунин аз фурӯши тамоми ҳиссаи онҳо дар сармояи оинномавии ташкилотҳои дорои сармоягузориҳои хориҷӣ бинобар хориҷ шудан ё барҳам хӯрдани ташкилот ба даст омадааст, кафолат дода мешавад.

Субъектҳои МОИ – сармоягузорони хориҷӣ барои интиқоли маблағ, гарав, содирот ва қатъи сармоягузорӣ ба минтақаи озоди иқтисодӣ ҳуқуқ доранд.

Муносибатҳое, ки субъектҳои МОИ анҷом медиҳанд, сарфи назар аз шакли моликият дар асоси қарордод (шартнома) ба роҳ монда мешаванд. Субъектҳои МОИ  барномаҳои истеҳсолиро мустақилона таҳия менамоянд.

Баҳсҳои хоҷагидорӣ, аз ҷумла баҳсҳо байни иштирокчиёни ташкилотҳои дорои сармоягузориҳои хориҷӣ, ки дар МОИ «Кўлоб» ба вуҷуд меоянд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.