БОЗДИДИ САРМОЯГУЗОРОНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН АЗ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ “КӮЛОБ”

Дар доираи баргузории форуми байналмилалии “Хатлон Инвест-2026” бо мақсади аз наздик шинос шудан бо шароит ва имкониятҳои мавҷудаи МОИ “Кӯлоб” сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин, бо роҳбарии Ma Jian Li-роҳбари Shandong Shijia Construction Group Co., Ltd-и Ҷумҳурии Мардумии Чин аз ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” боздид намуданд.

Байни Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” ва роҳбари Shandong Shijia Construction Group Co., Ltd-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ma Jian Li бо дар самти бунёди корхонаи нави саноатӣ ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шудааст.

Боздид ва шиносоии меҳмонон дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.