ИМТИЁЗҲО ДАР АНДОЗБАНДӢ
Илова бар макони мусоиди ҷойгиршавӣ, яке аз омилҳои ҷалбкунандаи минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” имтиёзҳои андозбандӣ ва гумрукӣ мебошад, ки ба субъектҳои МОИ дода мешавад.
Дар ҳудуди МОИ “Кӯлоб” фаъолияти соҳбикории субъектҳо, новобаста аз шакли моликият, аз пардохти ҳама намуди андозҳо, ба ҷуз аз пардохти андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромади шахсони воқеъи, ки дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудаанд, озоданд.
Субъектҳои МОИ вазифаи агентҳои андозиро ҷиҳати доштан ва ба буҷет пардохтани андози иҷтимоӣ (20% аз Фонди музди маош) ва андоз аз даромади шахсони воқеӣ ( 12%), яъне коргарони субъектҳои МОИ, иҷро менамоянд.