Санаи 27-уми октябри соли 2026 бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбӣ, такмили малакаҳои соҳибкорӣ ва таҳкими ҳамкориҳо бо сохторҳои марбута семинари омӯзишӣ барои субъектҳои минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ва хизматрасонии босифат ба мизоҷон баргузор гардид.
Дар семинари мазкур роҳбарият, кормандони Маъмурият ва намояндагони субъектҳои минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» фаъолона иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Абдуллозода Мустафо Рустам суханронӣ намуда, аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳои омӯзиширо дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию иқтисодии соҳибкорон, такмили фаъолияти субъектҳои минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ва таҳкими ҳамкориҳои судманд бо сохторҳои марбута муҳим арзёбӣ намуданд.
Зимни суханронӣ ба масъалаҳои фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, истифодаи самараноки имтиёзҳои андозию гумрукӣ, содагардонии расмиёти гумрукӣ, дастгирии соҳибкорон ва рушди иқтидори истеҳсолию содиротии минтақаҳои озоди иқтисодӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар ҷараёни машғулиятҳои омӯзишӣ масъалаҳои муҳими марбут ба қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, низоми андозию гумрукӣ, тартиби барасмиятдарории гумрукӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии гумрукӣ ба соҳибкорон ва роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдошта мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, иштирокчиён оид ба усулҳои муосири хизматрасонӣ ба мизоҷон, таъмини шаффофият, механизмҳои пешниҳоди арзу шикоят, рушди брендинг, маркетинг ва тиҷорати электронӣ маълумоти муфид ба даст оварданд.
Дар қисмати амалии семинар кормандони Маъмурият ва намояндагони субъектҳои МОИ «Кӯлоб» дар муҳокимаҳои гурӯҳӣ ва мубодилаи афкор иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба фаъолияти соҳибкорӣ, беҳтар намудани хизматрасониҳои гумрукӣ ва истифодаи имкониятҳои мавҷударо мавриди баррасӣ қарор доданд.
Иштироки кормандони Маъмурият ва субъектҳои МОИ «Кӯлоб» дар чунин семинарҳои омӯзишӣ барои такмили донишҳои касбӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти истеҳсолию соҳибкорӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор ва истифодаи васеи имкониятҳои сармоягузории минтақа аҳамияти муҳим дошта, минбаъд низ пайваста гузаронида мешавад.





