БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ҚАДРШИНОСИИ КОРМАНДОНИ МАЪМУРИЯТИ МОИ «КӮЛОБ»

Ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» маҷлиси тантанавӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони Маъмурият баргузор гардид.

Маҷлиси тантанавиро роҳбари Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Абдуллозода Мустафо Рустам ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати ин санаи таърихию сарнавиштсоз самимона табрику таҳният гуфтанд.

Зимни суханронии худ роҳбари Маъмурият аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, рушди босуботи иқтисодиёти кишвар ва сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардиданд.

Таъкид карда шуд, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон имкониятҳои васеи созандагӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва эҳёи арзишҳои миллиро фароҳам оварда, дар ин замина Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» низ ҳамчун яке аз василаҳои муҳими ҷалби сармоя, рушди соҳибкорӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва ҷойҳои нави корӣ нақши назаррас дорад.

Ҳамзамон, роҳбари Маъмурият иброз дошт, ки дастовардҳои имрӯза натиҷаи сиёсати хирадмандона ва таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии кишвар ба рушди соҳаи саноат, ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи ҳадафи чоруми стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат мебошанд.

Зимнан таъкид гардид, ки дар партави сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми гӯшаву канори мамлакат корҳои бузурги бунёдкорӣ амалӣ гардида, барои рушди соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.
Дар идомаи маҷлис масъалаҳои марбут ба фаъолияти Маъмурият, масъулияти кормандон дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, баланд бардоштани самаранокии кор ва саҳмгузорӣ дар пешрафту ободонии Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Дар қисмати тантанавии чорабинӣ, ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои саҳми арзанда дар корҳои созандагию бунёдкорӣ, фаъолияти пурсамар, меҳнати софдилона ва иштироки фаъолона дар ободонию рушди минтақа як қатор кормандони Маъмурияти МОИ «Кӯлоб» аз ҷониби роҳбари Маъмурият бо Сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.