Санаи 26-юми июли соли ҷорӣ бо мақсади аз наздик шинос шудан бо шароит ва имкониятҳои мавҷудаи МОИ “Кӯлоб” сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии Директори ҶДММ “Тоҷ – Чайна байналмилал” ҷаноби Хе Кангтай аз ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” боздид намуданд.
Дар ин раванд аз тарафи Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” муҳтарам Абдуллозода Мустафо Рустам оид ба рафти бунёди инфрасохтори минтақаи мазкур, корхонаҳои саноатӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ, мавқеи ҷуғрофӣ, инфрасохтори нақлиётӣ, имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавҷудияти захираҳои зиёди ашёи хоми маҳаллӣ дар гирду атрофи минтақаи мазкур маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Ҳамзамон, меҳмонон зимни боздиди худ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар зеристгоҳи барқии МОИ “Кӯлоб”, бинои маъмурӣ, меҳмонхона барои 20 ҷой ва раванди истеҳсолот дар ҶДММ “Тоҷик Алмос” корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ, аз ҷумла ҳавотозакунакҳои ҳавоӣ ва равғанӣ шинос гардиданд.
Боздид ва шиносоии меҳмонон дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.





