БАРГУЗОРИИ АВВАЛИН ҶАЛАСАИ МУШТАРАК БАЙНИ МАЪМУРИЯТИ МОИ “КӮЛОБ” ВА СОХТОРҲОИ ДАХЛДОРИ ГУМРУКӢ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ НИЗОМИ ГУМРУКӢ ДАР МОИ “КӮЛОБ”

Санаи 19 ноябри соли 2025 бо ташаббуси Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” дар ҳамкорӣ бо Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон аввалин ҷаласаи муштарак дар шакли мизи мудаввар вобаста ба баррасӣ ва таҳлили масъалаҳои низоми гумрукӣ ва сари вақт бартараф намудани мушкилотҳои мавҷуда дар МОИ “Кӯлоб” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Роҳбарият ва ҳайати кормандони Маъмурияти МОИ “Кӯлоб”, намояндагони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон, дидбонгоҳи гумрукии Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб”, намояндаи ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж”, роҳбарони субъектҳои МОИ “Кӯлоб” ва дигар сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.

Ҳадафи баргузории чорабинии мазкур гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбатҳои озод оид ба сари вақт бартараф намудани мушкилотҳои мавҷуда, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби бештари сармояи дохилию хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, рушди инфрасохтори маҳаллӣ, таъсиси бештари ҷойҳои нави корӣ, ташкили низоми муосири гумрукӣ дар МОИ “Кӯлоб” ва баррасии дигар масъалаҳои ҳалталаб ба ҳисоб меравад.

Дар ҷаласаи мазкур Роҳбари Маъмурияти МОИ “Кӯлоб” муҳтарам Абдуллозода Мустафо Рустам бо сухани ифтитоҳи баромад намуда, қайд намуданд, ки МОИ “Кӯлоб” ҳамчун минтақаи навтаъсис бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардидааст, ки ҳадафи асосии он бунёд намудани корхонаҳои нави саноатӣ, ҷалби бештари сармояи дохилию хориҷӣ ба иќтисодиёти кишвар, таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба ҳисоб меравад.

Иттилоъ дода шуд, ки минтақаи мазкур дар майдони кушод аз сифр оғоз гардида, бошад ҳам ҳоло барои бунёд намудани инфрасохтори муосир ва муаррифии шоистаи он дар байни сармоягузорони дохилию хориҷӣ як қатор корҳои аввалиндараҷа ба анҷом расонида шуда истодааст.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти минбаъдаи кормандони дидбонгоҳи гумрукии МОИ “Кӯлоб” ва пешниҳод намудани хизматрасониҳои хушсифат ба субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави дидбонгоҳи гумрукии МОИ “Кӯлоб” бо тарҳи замонавӣ бунёд гардидааст, ки тибқи нақша расман мавриди истифода қарор додани он дар доираи таҷлили 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

Зимни баргузории ҷаласаи мазкур Муовини аввали Сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон полковники Хадамоти гумрук муҳтарам Фозилзода Файзалӣ Тағоймурод баромад намуда, иброз намуданд, ки иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорону сармоягузорони дохилию хориҷӣ ва дар ин замина соддагардонии расмиёти гумрукӣ барои ҷалби бештари сармояи дохилию хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар таҳти назорати доимии Роҳбарияти Хадамоти гумрукӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои зертобеи он қарор дошта, дар ин самт пайваста чораҷӯӣ карда мешавад.

Ҳамзамон, вобаста ба ҳалли масъалаҳои ҷойдоштаи корӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо сармоягузорони дохилию хориҷӣ, пешниҳоди роҳҳои содда ва ҳавасмандгардонии сармоягузорони дохилию хориҷӣ тавассути истифодаи васеъ ва самараноки имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар, дуруст ба роҳ мондани муошират бо сармоягузорони дохилию хориҷӣ, мусоидат намудан дар беҳбудии фазои сармоягузории кишвар ба ҳайати кормандони дидбонгоҳи гумрукии МОИ “Кӯлоб” барои дуруст ба роҳ мондани ҳамкории зич бо кормандони Маъмурияти МОИ “Кӯлоб” ва субъектҳои он ва дар сатҳи маҳал сари вақт ҳаллу фасл намудани мушкилотҳои мавҷуда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар идома аз ҷониби иштирокчиён суҳбатҳои озод оид ба ҳалли саривақтии мушкилотҳои ҷойдошта сурат гирифта, ба саволҳои иштирокчиён аз ҷониби мутахассисони соҳа посухҳои мушаххас дода шуд.

Чорабинии мазкур дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардида, қарор дода шуд, ки минбаъд низ ташкил ва баргузор намудани чунин ҷаласаҳои муштарак бо ҷалби мутахассисони касбии соҳавӣ мувофиқи мақсад мебошад.