Санаи 11 ноябри соли 2025 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Форуми байналмилалии “Хатлон Инвест-2025” баргузор гардид, ки дар кори он беш аз 400 нафар иштирок намуданд.
Форуми мазкур, бо иштироки Муовини якуми Сарвазири мамлакат муҳтарам Ҳоким Холиқзода, Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, намояндагони корпусҳои дипломатии муҳими Тоҷикистон, доираҳои тиҷоратию сармоягузории ватанӣ ва хориҷӣ, намояндагони расмии минтақаҳои беш аз 20 кишвар, аз ҷумла Русия, Эрон, Чин, Туркия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Покистон, Қирғизистон, роҳбарони созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва дигар шарикони рушд барпо гардид.
Дар панели якуми Форум, ки ба сармоягузорӣ барои рушди устувори минтақаҳо: шарикӣ бо бахши хусусӣ ва табдили Хатлон ба маркази иқтисодии муосир бахшида шуда буд Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашӯрбой вобаста ба имкониятҳои сармоягузорӣ ва рақамикунонӣ дар Минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба меҳмонон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Дар доираи Форуми мазкур, санадҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла, Ёддошти тафоҳум байни Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷалби сармояи хориҷӣ дар самти таҳияи лоиҳаи “Асосноккунии техникӣ – иқтисодии бунёди Маркази логистикӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб”” (дар ҳаҷми 3 млн. сомонӣ) ва Ёддошти тафоҳум байни Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” ва намояндаи минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҷалби сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба МОИ “Кӯлоб” ҷиҳати бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ба имзо расонида шуд.





