ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТИ МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ “КӮЛОБ” ДАР ЯРМАРКАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САВДО “СУҒД-2025” ВА ВОХӮРИИ МАҶОЗӢ БО РОҲБАРИЯТИ МОИ “ГОМЕЛ-РАТОН ”-И ҶУМҲУРИИ БЕЛОРУС

Cанаи 12 то 14-уми июн дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Ярмаркаи байналмилалии савдо “Суғд-2025” ва Форуми имкониятҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақа баргузор гардид.

Дар ярмаркаи мазкур беш аз 500 меҳмон аз дохил ва хориҷи мамлакат, аз ҷумла намояндагони корпусҳои дипломатии кишварҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Озарбойҷон, Беларус, Туркманистон, Туркия, Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Эрон, Словакия, Лаҳистон ва Покистон иштирок доштанд.

Дар рафти чорабинии мазкур аз ҷониби Роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Кӯлоб” бо доираи соҳибкорону сармоягузорон аз кишварҳои хориҷа, аз ҷумла, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Белорус вохӯрӣ ва гуфтушунид анҷом дода шуд. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои судманд Ёддошти тафоҳум байни Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” ва Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Могилев”-и Ҷумҳурии Белорус ва Иттиҳодияи Палатаи савдо ва саноати Сибири Марказии вилояти Красноярски Федератсияи Россия оид ба ҷалби соҳибкорону сармоягузорони Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Белорус ҷиҳати бунёди корхонаҳои муштарак дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” ба имзо расонида шуд.

Инчунин, санаи 12 июни ҷорӣ вохӯрии маҷозӣ бо иштироки Роҳбари Маъмурияти МОИ “Кӯлоб” Абдуллозода Мустафо Рустам ва Роҳбари Маъмурияти МОИ “Гомел – Ратон”-и Ҷумҳурии Белорус Ежова Антонина Изотовна баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои барқарор кардани ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни ду минтақа ва рушди ҳамкориҳои саноатӣ дар самтҳои афзалиятнок баррасӣ гардида, ҷонибҳо ба иқтидори ташаббусҳои муштарак баҳои баланд дода, нақшаҳои ҳамкориҳои минбаъдаро муайян намуданд. Дар натиҷаи музокирот Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Маъмурияти МОИ “Кӯлоб” ва Маъмурияти МОИ “Гомел – Ратон”-и Ҷумҳурии Белорус ба имзо расонида шуд.