Ҳамватанони азиз, Муассисаи давлатии Маъмуртияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” мардуми сарбаланди кишвари азизамонро бо ин рӯзи муборак – Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрику таҳният намуда, барояшон саодатмандиву тандурустӣ, бахту иқбол, сарсабзиву комёбиҳоро дар партави саодатбахши Парчами давлатӣ таманно менамоянд.
Бигзор, ҳамеша Парчами давлатӣ – парчами фатҳу кушоиш ва саодату сарфарозии миллату давлати тоҷик парафшон бошад.
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!





