Санаи 28 майи соли ҷорӣ бо мақсади муаррифии бештари имкониятҳои сармоягузорӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи васеи ҷомеа ба фаъолият, инфрасохтор ва имтиёзҳои мавҷудаи Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” намояндагони ВАО ва блогерони ватанӣ аз Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” боздид намуданд.
Зимни боздид аз ҷониби Роҳбари маъмурияти минтақаи мазкур муҳтарам Абдуллозода Мустафо Рустам вобаста ба фаъолияти МОИ “Кӯлоб”, мавқеи мусоиди ҷуғрофӣ, рушди инфрасохтори он, фазои мусоиди сармоягузорӣ, логистикӣ ва афзалиятҳои мавҷуда, имтиёзҳои андозию гумрукӣ, захираҳои зиёди ашёи хоми маҳаллӣ, қувваи кории арзон ва бартарии фаъолият дар минтақаи мазкур маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Дар раванди боздид ба меҳмонон имконият фароҳам оварда шуд, ки аз рафти бунёди зеристгоҳи барқӣ, мумфаршнамоии роҳҳои дохилӣ, инфрасохтори зарурии минтақа, фаъолияти корхонаи истеҳсоли қисмҳои автомобилии ҶДММ “Тоҷик Алмос” ва рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои субъектҳои МОИ “Кӯлоб”, аз ҷумла ҶДММ “Кӯлоб Агросаноат” корхонаи истеҳсоли равған, набот ва банду басти намаки ошӣ, ҶДММ “Кӯлоб Пласт” корхонаи истеҳсоли маҳсулотҳо аз пластмасса, ҶДММ “Растани Инно” корхонаи истеҳсоли афшураи мева ва доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахш ва ҶДММ “Зафар Текстил” корхонаи нассоҷӣ аз наздик шинос гарданд.
Дар идома дар толори бинои муваққатии Маъмурияти МОИ “Кӯлоб” оид ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар минтақаи мазкур, мавқеи ҷуғрофӣ, инфрасохтори нақлиётӣ, имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои марбута ба иштирокчиён аз тарафи Роҳбари Маъмурият дар шакли рӯнамо (презентация) маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Дар ин замина, Маъмурияти минтақа омода аст, ки дар оянда низ ҳамкориро бо намояндагони ВАО бештар ба роҳ монад.





