Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 29-и “Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода, ки зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон санаи 2-3-юми марти соли 2026 баён доштанд (№2к/24-10 аз 16.03.2026) дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисос, махсусан муҳандисон ва барномасозон, андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати таъсис додани маркази муосири касбомӯзӣ бо инфрасохтори муносиби ёрирасон дар Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” санаи 28 апрели соли ҷорӣ муовини Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ализода Алишер Ҳикматулло аз ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” боздид намуданд.
Зимни боздид, аз ҷониби Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” оид ба рафти бунёди инфрасохтори минтақаи мазкур, корхонаҳои саноатӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ, мавқеи ҷуғрофӣ, инфрасохтори нақлиётӣ, имтиёзҳои пешниҳод намудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавҷудияти қувваи кории арзон аз ҳисоби ҷалби аҳолии гирду атрофи минтақаи мазкур маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Дар ин раванд, аз ҷониби меҳмонон як қатор масъалаҳои барои тарафайн муҳим бахусус омода намудани кадрҳои ба талаботи замони муосир ҷавобгуй, таъсиси маркази муосири касбомӯзӣ бо инфрасохтори муносиби ёрирасон, наздик намудани илм ба истеҳсолот, ба роҳ мондани системаи муосири таълим ва таҷрибаомӯзӣ ва дар ин замина истифодаи васеи малакаҳои касбӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.
Дар доираи баррасии масъалаҳо пешниҳод карда шуд, ки зимни бунёди Маркази касбомӯзӣ ва хобгоҳи он, тамоми таҷҳизотҳо, мизу курсӣ, кадрҳо ва низоми идоракунии он дар асоси таҷриба ва имкониятҳои Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда мешавад.
Ҳамзамон, дар доираи боздиди мазкур шароит фароҳам оварда шуд, ки меҳмонон аз Литсейи касбӣ-техникии саноатӣ-кишоварзии шаҳри Кӯлоб воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб боздид намуда, пешниҳод карда шуд, ки то давраи бунёди пурраи маркази муосири мазкур дар МОИ “Кӯлоб” корхонаҳои саноатӣ метавонанд аз иқтидорҳои Литсеи касбӣ-техникии саноатии шаҳри Кӯлоб самаранок истифода намоянд.
Боздиди меҳмонон дар фазои дустӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.





