Боздиди сармоягузорони Ҷумҳурии Исломии Эрон аз Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб”

Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷалби бештари сармояи дохилию хориҷӣ ба Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” ва дар ин замина аз наздик шинос шудан бо шароит ва имкониятҳои мавҷудаи МОИ “Кӯлоб” сармоягузорони Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳамроҳии намояндаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Иттиҳодияи ҷамъиятии этнофарҳангии тоҷикии вилояти Жамбили Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” боздид намуданд.

Дар ин раванд ба меҳмонон оид ба рафти бунёди инфрасохтори минтақаи мазкур, корхонаҳои саноатӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ, мавқеи ҷуғрофӣ, инфрасохтори нақлиётӣ ва имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Дар натиҷаи боздиди сармоягузорон байни Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” ва ҶДММ “Ширкати дорусозии Тоҷ Био Фарм” Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти бунёди корхонаи доруворӣ дар МОИ “Кӯлоб” бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба имзо расонида шуд.

Боздид ва шиносоии меҳмонон дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.