Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин санаи 20-уми июли соли 2026 сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба шаҳри бостонии Кӯлоб ташриф оварданд.
Меҳмононро Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Пирзода Диловар ва Роҳбари Маъмурияти МОИ “Кӯлоб” муҳтарам Абдуллозода Мустафо Рустам истиқбол намуда, мулоқотҳои судманд анҷом доданд.
Дар идома бо мақсади аз наздик шинос шудан бо шароит ва имкониятҳои мавҷудаи МОИ “Кӯлоб” сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин аз ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” боздид намуданд.
Боздид ва шиносоии меҳмонон дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.





