Боздиди мутахассисони соҳаи логистикаи Ҷумҳурии Корея аз ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб”

Бо мақсади баррасии масъалаҳои таҳияи Асоснокунии техникӣ – иқтисоди (ТЭО)-и бунёди маркази логистикӣ дар ҳудуди МОИ “Кулоб” мушовирони соҳаи логистика аз Корпоратсияи байналмилалии машваратии PwC (PricewaterhouseCoopers)-и Ҷумҳурии Корея таҳти роҳбарии Ю Ок-Дон – Роҳбари лоиҳа, Ким Джи Хён – менеҷери калон, Чжон Хакхи – ҳуқуқшинос, Чо Вонджин – ҳуқуқшинос, Шерзода Ситора – муовини Директори Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони масъул аз ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” боздид намуданд.

Зимни боздид имконият фароҳам оварда шуд, ки меҳмонон аз рафти бунёди инфрасохтори минтақаи мазкур ва корхонаҳои саноатӣ аз наздик шинос шаванд. Дар идома аз тарафи Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иҷтисодии “Кӯлоб”оид ба имкониятҳои сармоягузорӣ, мавқеи ҷуғрофӣ, инфрасохтори нақлиётӣ, имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои марбута дар шакли рўнамо (презентатсия) маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Дар доираи сафари мазкур як қатор масъалаҳои барои тарафайн муҳим, бахусус масъалаҳои таҳияи Асосноккунии техникӣ – иқтисодии (ТЭО)-и бунёди Маркази логистикӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” бо ҷалби сармояи Ҷумҳурии Корея ва истифодаи васеи имтиёзҳои мавҷуда мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуда, барои омода намудани ҳуҷҷатҳои лозима ва татбиқи амалии он ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.

Ҳамзамон, дар меҳмонхонаи Ҳайат Реҷенсии шаҳри Душанбе санаи 23-юми феврали соли ҷорӣ маросими оғози расмии лоиҳаи Нақшаи рушди сохтмони системаи логистикаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар доираи он аз ҷониби Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” масъалаҳои муҳимияти бунёди Маркази логистикӣ дар ҳудуди МОИ “Кӯлоб” мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор додашуда, аз ҷониби иштирокчиён ба хушнудӣ пазируфта шуд.

Вохурии мазкур дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.