Санаи 27 декабри соли ҷори бо иштироки роҳбарият ва кормандони Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” ҷаласаи корӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” дар соли 2023 баргузор гардид.
Ҷамъомадро Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” Абдуллозода Мустафо Рустам оғоз намуда, ба ҳозирин вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Дар ин раванд иброз гардид, ки бо мақсади татбиқи амалии ташаббусҳои созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ, яъне саноатикунонии босуръати мамлакат ва эълони солҳои 2022 – 2026 ҳамчун “Солҳои рушди саноат”, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва рушди инфрасохтори маҳаллӣ корҳо дар Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” бо маром идома дошта, дар ин самт як қатор пешравиҳо ба мушоҳида мерасад.
Дар ҷамъбаст Роҳбари маъмурият ҳозиринро бо фарорасии соли нави мелодӣ самимона табрику таҳният намуда, барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда гузоштан дар рушди минтақаи мазкур аз ҷониби Роҳбари маъмурият як қатор кормандони Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” ва дигар шахсони дахлдор бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.