Санаи 4 октябри соли ҷорӣ бахшида ба рӯзи забони давлатӣ дар толори маҷлисгоҳи қароргоҳи раиси Вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки кормандони Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” ҷамъомад баргузор гардид.
Зимни баргузории чорабинии мазкур ёдовар карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «Забон хишти аввалини кохи миллат буда, яке аз рукнҳои асосии давлати миллӣ ва нахуст унсури тафаккури миллӣ мебошад».
Дар идомаи ҷамъомад, аз тарафи кормандони Маъмурият маъруза дар мавзӯи “Забони давлатӣ яке аз муқаддасоти миллист” пешниҳод карда шуд.
Қайд карда шуд, ки забон асоси ҳастӣ ва бақои умри миллат буда, ифтихори миллӣ ба Ватану ватандорӣ аз волоияти мақоми забон ва поку бегазанд нигоҳ доштани он маншаъ мегирад. Қобили зикр аст, ки агар Ваҳдати миллӣ омили муҳимтарини сарҷамъии миллат бошад, пас забони тоҷикӣ шиносномаест, ки давлату миллатро ба воситаи он мешиносанд. Ин дастовардҳои бузург ба ҳамдигар робитаи ногусастанӣ дошта, давлату миллатро бе ҳамдигар тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Дар доираи ҷамъомади мазкур қайд гардид, ки ҳоло чунин чорабиниҳо дар саросари кишвар дар фазои сулҳу оромӣ, Ваҳдати миллӣ, ягонагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифта истодааст, ки ҳамаи ин аз баракати Истиқлолияти давлатӣ ва заҳмати шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.