ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТИ МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ “КӮЛОБ” ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИҚТИСОДИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Бо мақсади густариши ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ санаи 22 июли соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Аҳлиддин Нуриддинзода, Сафири Фавқуллода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григориев ва муовини Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Мурат Керефов бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистону кишварҳои Осиёи Марказӣ Форуми байналмилалии иқтисодии Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Ҳамзамон, зимни баргузории Форум дар панели “Паркҳои саноатӣ ва IT, минтақаҳои озоди иқтисодӣ” масъалаҳои рушди соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ мавриди баррасӣ карор дода шуда, аз ҷониби муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода имкониятҳои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолият дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ маълумоти муфассал ба иштирокчиён пешниҳод карда шуд.
Дар доираи Форуми мазкур аз ҷониби Роҳбари Маъмурияти МОИ “Кӯлоб” муҳтарам Абдуллозода Мустафо Рустам як қатор мулоқот ва вохӯриҳо гузаронида шуда, дар натиҷа санадҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Маъмурияти МОИ “Кӯлоб” ва Маъмурияти МОИ “Навои”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ёддошти тафоҳум байни Маъмурияти МОИ “Кӯлоб” ва Шурои соҳибкорони Россияву Тоҷикистон оид ба ҷалби сармояи Федератсияи Россия ҷиҳати бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ дар ҳудуди МОИ “Кӯлоб ба имзо расонида шуд.