Бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон ва ҷалби сармоя дар ин самт 5 марти соли 2024 дар шаҳри Кӯлоб Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “Марҳабо ба Хатлони Бостон” баргузор гардид.
Дар Форум раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, роҳбарони вазорату идораҳо, меҳмонон ва намояндагони бахши сайёҳии кишварҳои ҳамсоя, ширкатҳои сайёҳии дохилию хориҷӣ, олимону коршиносони соҳаи сайёҳӣ вобаста ба масъалаҳои рушди соҳа, беҳтар кардани инфрасохтори сайёҳӣ ва истифодаи дурусти он, рушди ҳамкориҳо ва дигар масъалаҳои соҳавӣ иштирок доштанд.
Боиси қайд аст, ки Роҳбарияти Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” дар Панели якум зери унвони “Ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, рушди деҳот бо мақсади сайёҳӣ ва лоиҳаҳои афзалиятнок” таҳти роҳбарии Муовини Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Каримзода Ҷамшед баргузор гардид, ки дар мавзӯи “Имкониятҳои сармоягузорӣ дар МОИ “Кӯлоб” ва татбиқи лоиҳаи “Маркази рушди истеъдодҳои ҷавонон ва мусоидат дар содироти маҳсулотҳои сайёҳи тавассути МОИ “Кӯлоб” баромад намуданд.