Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” дар озмуни ҷумҳуриявии “Топ-35 шарики боэътимоди сол”, ки аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид, дар номинатсияи “Минтақаи озоди иқтисодӣ” яке аз ғолибон дониста шуда, бо ҷоиза ва диплом қадрдонӣ карда шуд.

Ҳамзамон минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” ба Феҳристи ғайридавлатии шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шуда, бо Шаҳодатномаи мазкур сарфароз гардонида шуд, ки ин аз эътимоднокии он ҳамчун шарики тиҷоратӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар шаҳодат медиҳад.