Санаи 27 августи соли 2026 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо UNIDO ва дигар сохторҳои марбута Форуми байналмилалии сармоягузорӣ таҳти унвони «Рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар заминаи кишварҳои Авруосиё» баргузор гардид, ки хадафи асосии он фароҳам овардани майдони муколамаи байналмилалӣ барои баррасии нақши технологияҳои рақамӣ дар баланд бардоштани самаранокии минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҳамгироии онҳо ба занҷираҳои ҷаҳонии арзиш ва ташаккули муҳити устувори сармоягузорӣ махсуб меёбад.
Пеш аз оғози Форум иштирокдорон дар Намоиши маҳсулоти минтақаҳои озоди иқтисодӣ иштирок намуда, бо фаъолият ва молу маҳсулоти истеҳсолнамудаи субъектҳои хоҷагидори минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар аз наздик шинос гардиданд.
Дар чорабинии мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ муҳтарам Ҳикматуллозода Неъматулло Ҳикматулло, Вазири рушди иқтисод ва савдо муҳтарам Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ, минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва молиявӣ, сармоягузорони ватанию хориҷӣ, ширкатҳои истеҳсолӣ, тиҷоратӣ ва логистикӣ инчунин таҳиягарони платформаҳои рақамӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар доираи Форуми мазкур як катор санадҳои нави ҳамкорӣ байни Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” ва сармоягузорон дар самти бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ ба имзо расонида шуд.
Ҳамзамон, дар доираи чорабинии мазкур беҳтарин истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони фаъоли минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ, аз ҷумла ҶДММ “Тоҷик Алмос” субъекти МОИ “Кӯлоб” қадрдонӣ гардиданд, ки ҳадафи асосӣ ҳавасманд намудани соҳибкорону сармоягузорон ба ҳисоб меравад.




