БОЗДИДИ САРМОЯГУЗОРОНИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ АЗ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ “КӮЛОБ”

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода дар самти коркарди ашёи хоми маҳаллӣ дар дохили кишвар ҷиҳати аз наздик шинос шудан бо шароит ва имкониятҳои мавҷудаи МОИ “Кӯлоб” сармоягузорони Федератсияи Россия аз ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” боздид намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ ва гуфтушунидҳо масъалаҳои барои тарафайн муҳим мавриди таҳлил ва баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд.

Боздид ва шиносоии меҳмонон дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.