Санаи 3-юми июли соли ҷорӣ бо мақсади аз наздик шинос шудан бо шароит ва имкониятҳои мавҷудаи МОИ “Кӯлоб” намояндагони Ширкати Ҷумҳурии Федеративии Олмон Екатерина Фирсова Прокуристин, Мушовири калони корхонаи технологияи истеҳсоли шиша Раиса Петухова Директори Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайниддинзода Саидмурод, ва Сардори шуъбаи иқтисоди рақамии Пажуҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайниддинов Сафар аз ҳудуди минтақаи мазкур боздид намуданд. Дар ин раванд аз тарафи роҳбарияти Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” оид ба рафти бунёди инфрасохтори минтақаи мазкур, корхонаҳои саноатӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ, мавқеи ҷуғрофӣ, инфрасохтори нақлиётӣ, имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавҷудияти захираҳои зиёди ашёи хоми маҳаллӣ дар гирду атрофи минтақаи мазкур аз ҷумла дарёи Ёхсу маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Зимни боздид, меҳмонон аз рафти корҳои сохтмонӣ дар зеристгоҳи барқии МОИ “Кӯлоб”, корхонаи истеҳсолии қисмҳои автомобилӣ (ҶДММ “Тоҷик Алмос”, бинои маъмурӣ, меҳмонхона барои 20 ҷой ва дигар иншоотҳои зарурӣ шинос гардиданд.
Боздид ва шиносоии меҳмонон дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.