Бо мақсади арзёбии раванди таҳияи лоиҳаи “Асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони Маркази логистикӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” коршиносони соҳаи логистикаи Ҷумҳурии Корея аз ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” боздид намуданд.
Зимни боздид ба меҳмонон имконият фароҳам оварда шуд, ки бо корхонаҳои саноатӣ, шароит ва имкониятҳои мавҷудаи МОИ “Кӯлоб” аз наздик шинос шаванд.
Дар рафти вохӯрӣ ва гуфтушунидҳо масъалаҳои барои тарафайн муҳим, аз ҷумла татбиқи амалии лоиҳаҳои афзалиятнок дар самти рушди логистика ва кашидани хати роҳи оҳан то МОИ “Кӯлоб” мавриди таҳлил ва баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд.
Боздид ва шиносоии меҳмонон дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.





