Бо мақсади татбиқи амалии сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи эълон гардидани соли 2026 “300 рӯзи созандагиву бунёдкорӣ” дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” бо иштироки васеи кормандон шанбегиҳои дастаҷамъона баргузор гардид.
Чунин шанбегиҳо минбаъд низ дар ҳудуди МОИ “Кӯлоб” пайваста доир карда мешавад.





