Санаи 14 октябри соли ҷорӣ дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест – 2025” баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар, созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд ва доираи васеи соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии форуми мазкур ин муаррифии захира ва имкониятҳои фарохи Тоҷикистон барои сармоягузорӣ, омодагии кишвар ба ҳамкорӣ ва фановариву ғояҳои нав, инчунин тасмими Ҳукумати кишвар ба идомаи ислоҳоту дигаргуниҳое, ки шароити мусоидро барои рушди устувор ва ташаккули шарикии дарозмуддат фароҳам меоранд, ба ҳисоб меравад.
Дар доираи чорабинии мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “Тоҷикистони муосир кишвари дорои иқтисодиёти босуръат тараққиёбанда, рушди боэътимоди муносибатҳои байналмилалӣ ва фазои мусоиди сармоягузорӣ мебошад”.
Инчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади худ иброз намуданд, ки “Панҷ минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон барои фаъолияти тиҷоратии соҳибкорон ва сармоягузорон созгор мебошанд”.
Дар доираи чорабинии мазкур, санадҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Маъмурияти МОИ “Кӯлоб” ва Созмони умумиҷаҳонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба имзо расонида шуд.





