Баррасии масъалаҳои раванди таҳияи лоиҳаи “ Асосноккунии техникӣ-иқтисодии бунёди Маркази логистикӣ дар МОИ “Кӯлоб”” бо мутахассисони Ҷумҳурии Корея

Ташрифи коршиносони соҳаи логистикаи Ҷумҳурии Корея якҷо бо намояндагони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб”.

Зимни боздид ба мутахассисон ва коршиносони соҳа раванди татбиқи лоиҳаи “Асосноккунии техникӣ-иқтисодии бунёди Маркази логистикӣ дар МОИ “Кӯлоб”” мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуд.

Зимни боздид имконият фароҳам оварда шуд, ки меҳмонон ба рафти бунёди инфрасохтори зарурии минтақа ва корхонаҳои саноатӣ аз наздик шинос шуда, бо субъектҳои минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” аз наздик ошноӣ пайдо намуда, бо онҳо мулоқот намоянд.

Дар идома аз ҷониби Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” оид ба имкониятҳои сармоягузорӣ, мавқеи ҷуғрофӣ, инфрасохтори мавҷуда ва дигар масъалаҳои марбута дар шакли рўнамо (презентация) маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Дар маҷмӯъ, тарафҳо ҷиҳати татбиқи амалиии лоиҳаи болозикр ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

Вохӯриҳо дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.