Санаи 17 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи ташрифи Вазири иқтисод ва сайёҳии Аморати Муттаҳидаи Араб Абдуллоҳ ибн Тавқ Ал-Маррӣ Бизнес- Форуми доираҳои соҳибкорони Тоҷикистону Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардид.
Чорабинии мазкур таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин ва Вазири иқтисод ва сайёҳии Аморати Муттаҳидаи Араб Абдуллоҳ ибн Тавқ Ал-Маррӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳову, соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистону Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор карда шуд.
Зимни баргузории чорабинии мазкур аз ҷониби масъулини соҳа имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб, аз ҷумла минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар муаррифӣ гардид.
Чорабинии мазкур дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.





