Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари ҳамешасабз дар доираи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2024, №374 “Дар бораи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва эълони иқдоми навбатии Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид таҳти унвони “300 рӯзи созандагиву бунёдкорӣ ва масъулият барои ояндаи дурахшони ватан” бо иштироки кормандони Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” маъракаи ниҳолшинонӣ ва шинонидани гулҳои ороишӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва гулҳои мавсимӣ шинонида шуд.





