БОЗДИДИ РОҲБАРИЯТИ ТАШКИЛОТҲОИ ҶАМЪИЯТИИ “ИТТИҲОДИ МУШОВИРОНИ КАСБИИ ТОҶИКИСТОН” ВА “ШАРИКИИ НАҚЛИЁТ ВА ЛОГИСТИКА ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ” АЗ МОИ “КӮЛОБ”

Бо мақсади аз наздик шинос шудан бо фазои сармоягузорӣ, мавқеи ҷойгиршавӣ, шароиту имкониятҳои мавҷуда барои соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ санаи 28 ноябри соли ҷорӣ Роҳбарияти Ташкилотҳои ҷамъиятии “Иттиҳоди мушовирони касбии Тоҷикистон” ва “Шарикии нақлиёт ва логистика дар Осиёи Марказӣ” Кислякова Лариса Павловна ва Хушбахтова Нозигул аз Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” боздид ба амал оварданд.

Зимни боздид, аз тарафи роҳбарияти Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” оид ба рафти бунёди инфрасохтори минтақаи мазкур, корхонаҳои саноатӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ, мавқеи ҷуғрофӣ, инфрасохтори нақлиётӣ, имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавҷудияти қувваи кории арзон аз ҳисоби ҷалби аҳолии гирду атрофи минтақаи мазкур маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Дар ин раванд, аз ҷониби меҳмонон як қатор масъалаҳои барои тарафайн муҳим вобаста ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таввасути рушди инфрасохтори зарурӣ, ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар, истифодаи самараноки захираҳои мавҷудаи қувваи корӣ аз ҷумла, аз ҳисоби занҳои хонанишин ва дар радифи бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ташкил намудани маркази омӯзиши малакаҳои касбӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.

Вохурии мазкур дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.