БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГӢ ДАР ҲУДУДИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ “КӮЛОБ”

Бо мақсади татбиқи амалии сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Хатлон дар доираи эълон гардидани соли 2026 “300 рӯзи созандагиву бунёдкорӣ” дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” бо иштироки васеи кормандон ҳашари дастаҷамъона баргузор гардида, чунин чорабиниҳо минбаъд низ пайваста доир карда мешавад.