Баргузории ҷамъомад оид ба таҷлили 31-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб”

Санаи 4 ноябри соли 2025 бахшида ба таҷлили 31-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи қароргоҳи раиси Вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки Роҳбари Маъмурият муҳтарам Абдуллозода Мустафо Рустам ва кормандони Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” ҷамъомад баргузор гардид.

Зимни баргузории чорабинии мазкур Роҳбари Маъмурият бо сухани ифтитоҳи баромад намуда, оид ба муҳимияти баргузории он фикру андешаҳои худро баён намуда, иброз намуданд ки, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаи мазкур чунин баён намуданд: “Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор дода, асосҳои ҳуқуқии рушду такомули минбаъдаи чунин муносибатҳоро фароҳам меорад”.

Дар рафти чорабинӣ, аз тарафи кормандони Маъмурият дар мавзуъҳои марбута, аз ҷумла “Конститутсия – қонуни асосӣ ва санади сарнавиштсоз” баромадҳо карда шуд.

Қайд гардид, ки муҳиммияти таҷлили 31-солагии қабули ин ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ дар он аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо як санади ҳуқуқӣ, балки барои миллати тоҷик як ҳуҷҷати арзишманди сиёсӣ-таърихӣ аст, ки роҳи қонунии миллатро аз парокандагӣ ва давлатро аз нобудӣ эмин нигоҳ доштанро муқаррар намуд. Маҳз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти ҷомеа сулҳу субот, қонуният, низоми давлатдорӣ ва қонунгузориро пойдор намудааст.

Чорабинии мазкур бо иштироки аҳли кормандон бо ҳисси баланди меҳанпарастӣ дар сатҳи баланд баргузор карда шуд.