Санаи 29 августи соли 2026 бо мақсади аз наздик шинос гардидан бо рафти корҳои сохтмонӣ дар корхонаҳои навбунёди дорусозӣ ва омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло ба минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ташриф оварданд.
Зимни боздид, иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар ҳудуди минтақа корҳои сохтмонӣ ва бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо маром идома дошта, дар муҳлатҳои кутоҳтарин мавриди истифода қарор додани як қатор иншоотҳои истеҳсолии самти дорусозӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар анҷоми сафар аз ҷониби Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло ба масъулини соҳа ҷиҳати рушди истеҳсолоти дорусозӣ, тақвияти минбаъдаи фаъолият дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” ва иҷрои саривақтии корҳои банақшагирифташуда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.





