Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси чоруми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» мулоқоти директори ширкати “ROCA” Даниэл Эрнандес бо намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони Минтақаҳои озоди иқтисодии “Кӯлоб”, “Данғара” ва “Панҷ” баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.





