Бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон ва ҷалби сармоя дар ин самт 20 июни соли 2025 дар шаҳри Кӯлоб Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “Хатлон – қалби гарми сайёҳӣ” баргузор гардид.
Дар Форуми мазкур, Раиси вилояти Хатлон мӯҳтарам Давлаталӣ Саид, роҳбарони вазорату идораҳо, меҳмонон ва намояндагони бахши сайёҳии кишварҳои ҳамсоя, ширкатҳои сайёҳии дохилию хориҷӣ, олимону коршиносони соҳаи сайёҳӣ иштирок намуда, дар доираи он масъалаҳои рушди соҳа, беҳтар кардани инфрасохтори сайёҳӣ ва истифодаи дурусти он, рушди ҳамкориҳо ва дигар масъалаҳои соҳавӣ муҳокима гардиданд.
Боиси қайд аст, ки Роҳбарияти Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” дар Панели якум таҳти унвони “Ҷалби сармоя ва татбиқи технологияҳои муосир барои рушди инфрасозтори сайёҳӣ” дар мавзӯи “Имкониятҳои сармоягузорӣ дар МОИ “Кӯлоб” ва татбиқи лоиҳаҳои “Маркази рушди истеъдодҳои ҷавонон ва мусоидат дар содироти маҳсулотҳои сайёҳӣ тавассути МОИ “Кӯлоб”” ва ташкили “Маркази фарҳангӣ, этнографӣ ва рушди хизматрасониҳои сайёҳӣ дар назди МОИ “Кӯлоб”” баромад намуданд.
Инчунин, дар чорабинии мазкур маҳсулотҳои истеҳсолнамудаи субъекти МОИ “Кӯлоб” ҶДММ “Тоҷик Алмос” ва маводҳои тарғиботию ташвиқотӣ оид ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар МОИ “Кӯлоб” ба намоиш гузошта шуд.





