Санаи 25 июни соли ҷорӣ бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди инфрасохтори минтақа коршиносони Ҷумҳурии Корея таҳти роҳбарии Директори шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалии хориҷии Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Корея ҷаноби Чанг Ги Кан ва Роҳбари барномаи амалиётии “Барномаи ҳамкории иқтисоди инноватсионии Бонки содироту воридоти Корея” ҷаноби Ҷонгсу Ҳан аз ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” боздид намуданд.
Зимни боздид имконият фароҳам оварда шуд, ки меҳмонон аз рафти бунёди зеристгоҳи барқӣ, инфрасохтори зарурии минтақа ва корхонаҳои саноатӣ аз наздик шинос шаванд. Дар идома аз ҷониби Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” муҳтарам Абдуллозода Мустафо Рустам оид ба имкониятҳои сармоягузорӣ, мавқеи ҷуғрофӣ, инфрасохтори мавҷуда ва дигар масъалаҳои марбута дар шакли рўнамо (презентация) маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Санаи 26 июни соли ҷорӣ бошад дар меҳмонхонаи Ҳилтони шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Бобоёрзода Бобоёр, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Сок Шик ва Директори шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалии хориҷии Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Корея ҷаноби Чанг Ги Кан ҳисоботи ниҳоии лоиҳаи “Нақшаи сохтмон ва истифодабарии Маркази логистикӣ дар МОИ “Кӯлоб” ва таҳияи пеш аз асосноккунии техникӣ-иқтисодии кашидани хатти роҳи оҳан то МОИ “Кӯлоб”” баргузор гардид.
Зимни чорабинии мазкур, аз ҷониби коршиносони Ҷумҳурии Корея хонум Ҷей Ҳюнг Ким аз Корпоратсияи байналмилалии машваратии PwC (PricewaterhouseCoopers) ва ҷаноби Ву Сеок Чой аз Ширкати муҳандисии TESO (Total Engineering Services by Operation-network) вобаста ба тадқиқотҳои анҷомёфта, нақшаҳои дар пеш истода оид ба татбиқи амалии лоиҳаи мазкур ба иштирокчиён маълумоти муфассал дар шакли рӯнамо пешниҳод карда шуд.
Дар маҷмӯъ, вохурӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.