Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва дар ин замина таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар сатҳи маҳаллӣ ва банди 26-27 “Нақша чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода, ки зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон 2-3-юми марти соли 2026 баён доштанд (№2к/24-10 аз 16.03.2026) дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маъмурияти МОИ “Кӯлоб” субъекти нав бо номи ҶДММ “Ширкати дорусозии Тоҷ Био Фарм” ба қайд гирифта шуд, ки аз ҷониби Роҳбари Маъмурияти МОИ “Кӯлоб” Абдуллозода Мустафо Рустам шаҳодатномаи мақоми субъекти МОИ “Кӯлоб” расман ба роҳбари корхонаи мазкур супорида шуд.
Самти фаъолияти корхонаи мазкур ба истеҳсоли доруворӣ равона гардида, татбиқи лоиҳаи мазкур дар оянда ба рушди иқтидори истеҳсолии МОИ “Кӯлоб”, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда мусоидат менамояд.
Сипас, Роҳбари Маъмурияти МОИ “Кӯлоб” ба Роҳбари ҶДММ “Ширкати дорусозии Тоҷ Био Фарм” барору комёбӣ таманно намуда, баҳри оғози фаъолияти корӣ суҳбату мулоқотҳои судманд анҷом дода шуд.
Боиси қайд аст, ки дар заминаи дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешниҳодҳои имтиёзҳои андозию гумрукӣ ва рушди инфрасохтори минтақаи мазкур таваҷҷуҳи соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ ба Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” мунтазам афзоиш ёфта истодааст.
Дар навбати худ Маъмурияти МОИ “Кӯлоб” омодааст, ки дар самти бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо ҳама сармоягузорони дохилию хориҷӣ ва сохторҳои дахлдори давлатию ғайридавлатӣ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монад.





