ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КИШВАРҲОИ ХИТОЙ ВА ЭРОН БА МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ “КӮЛОБ”

Бо мақсади аз наздик шинос шудан бо шароит ва имкониятҳои мавҷудаи МОИ “Кӯлоб” сармоягузорони кишварҳои Хитой ва Эрон аз ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” боздид намуданд.
Дар натиҷаи боздид Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” ва ҶДММ “Ситора Моторс Тоҷикистон” ба имзо расонида шуд.
Боздид ва шиносоии меҳмонон дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.