Сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»

 

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 2 марти соли 2026 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода бо мақсади аз наздик шинос шудан бо раванди корҳои ободонию созандагӣ, бунёди инфрасохтори аввалиндараҷа, фаъолияти субъектҳои минтақа, ҷалби сармоягузориҳо ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок ба Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» сафари корӣ анҷом доданд.

Дар доираи сафари мазкур Сарвазири мамлакатро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо муҳтарам Асадулло Раҳмон, Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Кӯлоб оид ба омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азим Иброҳим, Вазири саноат ва технологияҳои нав муҳтарам Шералӣ Кабир, и.в. Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Пирзода Диловар ва роҳбарони дигар вазорату идораҳои дахлдор ва ҳайати меҳмонон ҳамроҳӣ намуданд.

Зимни боздид Сарвазири кишварро Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ва Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” Абдуллозода Мустафо Рустам истиқбол гирифта, шароити фароҳамовардашуда дар самти ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ дар минтақа муаррифӣ карда шуд.

Зимни боздид, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода аз ҷараёни фаъолияти ҶДММ «Тоҷик – Алмос», ки ба истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ (филтрҳои муҳаррик) машғул мебошад, аз наздик шинос шуданд. Дар ин раванд, лоиҳаҳои таъсиси корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахш ҶДММ «Растанӣ Инно», корхонаи истеҳсоли маҳсулоти фармасевтӣ ва беҳдоштӣ ҶДММ «Фарм Кӯлоб» ва корхонаи истеҳсоли равған, набот ва намаки ошӣ ҶДММ “Кӯлоб Агросаноат” муаррифӣ гардид.

Бояд қайд намуд, ки дар МОИ «Кӯлоб» 10 ширкатҳои ватанию хориҷӣ ҳамчун субъект ба қайд гирифта шуда, ҳаҷми сармоягузорӣ ба минтақа то имрӯз наздик ба 100 миллион сомонӣ баробар гардидааст. Инчунин ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар минтақа то имрӯз қариб ба 1 млн. сомонӣ расида, дар он наздики 110 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.

Инчунин, бо мақсади татбиқи амалии ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Сарвазири кишвар, Вазири рушди иқтисод ва савдо, ҳайати ҳамроҳон ва кормандони Маъмурияти МОИ «Кӯлоб» дар саҳни ҳавлии минтақа дарахтони ҳамешасабз, ки ба ҳусни минтақа зебогии нав зам мекунанд, шинонида шуданд.

Дар анҷоми сафар аз ҷониби Сарвазири кишвар ба роҳбарият ва кормандони Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани минтақа, рушди инфрасохтори аввалиндараҷа, тақвияти корҳои таблиғотӣ, муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.