Санаи 21-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур ва Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон ҷаноби Цзи Шумин Форуми тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Чин бо иштироки доираи соҳибкорону сармоягузрон ва ҳайатҳои давлатӣ баргузор гардид, ки дар кори он беш аз 150 нафар соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистону Чин иштирок намуданд.
Форуми мазкур аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав ва Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон дар арафаи сафари давлатии роҳбарияти олии Чин ба Тоҷикистон баргузор гардида, дар доираи он вазъи ҳамкориҳо ва имкониятҳои сармоягузорӣ ба иштирокчиён муаррифӣ карда шуд.
Дар доираи Форуми мазкур санадҳои дахлдори ҳамкорӣ, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум оид ба бунёди Маркази логистикии байналмилалӣ дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” байни ҶДММ “Тоҷчайна Шенсӣ” ва Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” ба маблағи 10 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шуд.
Қайд карда шуд, ки баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, бунёди Маркази логистикии байналмилалӣ дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” метавонад дар оянда ҷиҳати рушд ва пешбурди гузаргоҳи байналмилалии транзитӣ ва интиқоли бор тавассути долони мултимодалии «Чин – Тоҷикистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо» ва ба ин васила зиёд намудани боркашонӣ ва содда гардонидани расмиёти савдо, бахусус барои кишварҳое, ки ба баҳр дастрасӣ надоранд, заминаи устувор гузорад.