Санаи 2 июли соли ҷорӣ бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода дар самти рушди инфрасохтори минтақа дар бинои меҳмонхонаи Хилтони шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азим Иброҳим ва Сардори департаменти амалиётии Бонки содирот ва воридоти Корея ҷаноби Ҳан Ҷон Су семинар оид ба ҳисоботи ҷамъбастии лоиҳаи “Асосноккунии техникӣ – иқтисодии сохтмони Маркази логистикӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб”” баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар иштирок намуданд.
Чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳии Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азим Иброҳим ва Сардори департаменти амалиётии Бонки содирот ва воридоти Корея ҷаноби Ҳан Ҷон Су оғоз ёфта, дар идома масъалаҳои тақвият бахшидани корҳо дар самти татбиқи амалии лоиҳаи “Асосноккунии техникӣ – иқтисодии бунёди Маркази логистикӣ дар МОИ “Кӯлоб”” мавриди таҳлил ва баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуда, пешниҳод карда шуд, ки дар марҳилаи минбаъда пурра анҷом додани корҳо дар самти таҳияи “Асосноккунии техникӣ – иқтисодии кашидани хатти роҳи оҳан то МОИ “Кӯлоб” тақвият дода шавад, ки ба хушнудӣ пазируфта шуд.
Қайд карда шуд, ки таъсиси Маркази логистикӣ ва сохтмони роҳи оҳани ба Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” пайвастшаванда як унсури бо ҳам зич алоқаманд буда, давоми мантиқии таъсис ва фаъолияти Маркази логистикӣ ва дар маҷмуъ рушди инфрасохтори Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” арзёбӣ мегардад.
Ҳамзамон, татбиқи лоиҳаҳои болозикр метавонад дар оянда барои тақвият бахшидани фаъолияти роҳи мултимодалии Хитой-Тоҷикистон-Ӯзбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия, ки интиқоли молу маҳсулот аз Ҷумҳурии Мардумии Хитой тавассути роҳҳои автомобилӣ ва аз шаҳри Кӯлоб то Ҷумҳурии Туркманистон тавассути роҳи оҳан ва аз Туркманистон то кишварҳои Аврупоро дар назар дошта шудааст, хизмат расонад.
Дар идома, аз ҷониби Корпоратсияи байналмилалии машваратии PwC (PricewaterhouseCoopers)-и Ҷумҳурии Корея ҷаноби Ок Донг Ю – Роҳбари лоиҳаҳои зикршуда маълумоти муфассал дар шакли рӯнамо (презентатсия) оид ба ҳисоботи ҷамъбастии лоиҳаи “Асосноккунии техникӣ – иқтисодии сохтмони Маркази логистикӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб”” ва нақшаҳои дар пеш истода ҷиҳати татбиқи амалии лоиҳаи мазкур пешниҳод карда шуд.
Дар маҷмуъ, вохӯрӣ ва семинар дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.





