ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТИ МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ “КӮЛОБ” ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ – СОДИРОТИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ» ВА НАМОИШГОҲИ “БОХТАР ФУД- 2024”

ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТИ МАЪМУРИЯТИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ “КӮЛОБ” ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ – СОДИРОТИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ» ВА НАМОИШГОҲИ “БОХТАР ФУД- 2024”

Санаи 17- уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Форуми байналмилалии “Хатлон Инвест-2024” ва Намоишгоҳи “Бохтар Фуд-2024” баргузор гардид, ки дар кори он беш аз 800 нафар соҳибкорону сармоягузорон аз кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, вилоятҳо ва шаҳрҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Туркия, Эрон, Чин, роҳбарияти корхонаҳои бузурги саноатӣ ва кишоварзӣ, намояндагони ширкатҳои тиҷоратӣ, намояндгони субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин соҳибкорони ватанӣ иштирок намуданд.

Дар раванди баргузории чорабинии мазкур дар панели “Пешбурди истеҳсолоти инноватсионӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии вилояти Хатлон”, ки таҳти роҳбарии Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид баргузор гардида, дар доираи он оид ба рушди минбаъдаи Минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар мубодилаи афкор сурат гирифта, дар натиҷа як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба даст оварда шуд.

Дар доираи Форуми мазкур санадҳои дахлдори ҳамкорӣ, аз ҷумла Шартномаи ҳамкорӣ байни Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” ва ҶДММ “Тоҷ Чайна байналмилал” вобаста ба бунёди Маркази логистикии байналмилалӣ, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Маъмурияти МОИ “Кӯлоб” ва ҶДММ “Нарим Фуд Индастриал”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон дар самти бунёди корхонаи коркарди мева, тавлиди дастгоҳҳои барқӣ ва коркарди пашм ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Маъмурияти МОИ “Кӯлоб” ва ҶДММ “Кориён Маҳом”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон дар самти бунёди корхонаи маъдан ва саноати сохтмон ба имзо расонида шуд.

Дар маҷмӯъ форуми мазкур дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт .